<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><title>Барраи Худо ғолиб шуд СЧҲ28</title>
<lyrics>[V1]
 Масеҳо султони меҳру муҳаббат,
 То абад масҳ шуда бо файзу раҳмат,
 Бо Падар аҳд баста то бахшад наҷот,
 Баҳри ташнаи Ӯ диҳад оби ҳаёт.

[C1]
   Барраи Худо ғолиб шуд бар дунё, (3 бор)
   Масеҳи Худованд бар мавту гуноҳ.

[V2]
 Шаётин меларзанд аз исми Исо,
 Девҳо низ метарсанд аз мунҷии мо,
 Чун номи маҷидаш бошад беҳамто,
 Бо хунаш харида озодии мо.

[V3]
 Ҳама гуноҳкорон ба худ биоед,
 Дунёро дар умқи ҳалокат бинед,
 Иддаи касири бе наҷот мурданд,
 Аз дунёи фонӣ суде набурданд.

[V4]
 Бо абрҳо ҳамеояд Шоҳи Шоҳон,
 Бо ҷалолу шукуҳу фариштагон,
 Аз адолат пур созад Ӯ дунёро,
 Доварӣ намояд гуноҳкоронро.
 Масеҳо султони меҳру муҳаббат, (3 бор)
 То абад масҳ шуда бо файзу раҳмат.</lyrics>
<hymn_number>28</hymn_number>
</song>